Дар Остона ҳамкории низомӣ дар ҷаласаи сарони ситоди кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд - ИА Караван Инфо
Дар Остона ҳамкории низомӣ дар ҷаласаи сарони ситоди кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд

Остона, 19 июни соли 2026-АИ Караван инфо. Дар пойтахт ҷаласаи Кумитаи сардорони ситоди қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Намояндагони Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Пеш аз ҷаласаи умумӣ вохӯриҳои дуҷонибаи роҳбарони ҳайатҳо ва гузоштани гулчанбарҳо ба Оташи Абадӣ дар майдони Отан қорғаушилар (дар тарҷума аз қазоқӣ Ҳимоятгарони Ватан) баргузор шуданд. Дар ҷаласа вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи низомӣ баррасӣ гардид.

Муовини аввали Вазири мудофиа сардори ситоди Генералии Қазоқистон Генерал-лейтенант Каниш Абубакиров таҷрибаи сохтмони қувваҳои мусаллаҳ ва муносибатҳои навро ба баланд бардоштани қобилияти ҷангии қӯшунҳо пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо инчунин, ҳамкориро дар соҳаи муҳофизати радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, бехатарии парвозҳои авиатсияи ҳарбӣ, истифодаи воситаҳои баландтехнологии силоҳ, инчунин масъалаҳои истифодаи ҷангии қӯшунҳои мушакӣ, артиллерия ва минапартоӣ баррасӣ намуданд.

Каниш Абубакиров қайд намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ босуръат густариш меебад, ин қувваҳои мусаллаҳи миллиро тақвият мебахшад ва рушди бехатари давлатҳои Иттиҳодро таъмин менамояд.

Котиби Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ Генерал-лейтенант Юрий Дашкин аҳамияти баланди ҳамкории низомиро барои таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва нигоҳ доштани амнияти минтақавӣ таъкид намуд. Дар натиҷаи ҷаласа иштирокчиён ҳуҷҷатҳоро дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ имзо намуданд.

Сурат: ВМ ҶҚ