Дар Остона гузориши индекси чахонии инноватсиони 2024 барои кишвархои Осиё муаррифи шуд - ИА Караван Инфо
Дар Остона гузориши индекси чахонии инноватсиони 2024 барои кишвархои Осиё муаррифи шуд

Дар Остона маросими нашри гузориши индекси Чахонии инноватсиони (ИЧИ) 2024 барои кишвархои Осиё баргузор шуд. Дар чорабинии ташкилнамудаи Вазорати адлияи Казокистон бо дастгирии созмони умумичахонии моликияти зехни (СУМЗ) намояндагони макомоти байналмилали оид ба масъалахои хукуки муаллиф, корпуси дипломати, инчунин, созмонхои байналмилали хузур доштанд.

Муовини вазири корхои хоричии Казокистон Алибек Куантиров дар маросим дар катори дигар шахсони мансабдори баландпоя, аз чумла Муовини Сарвазир ва рохбари Дастгохи Хукумат Галимчон Койшибоев, Ёвари директори Генералии СУМЗ Марко Алеман, Вазири адлия Азамат Ескараев ва Вазири рушди раками Жаслан Мадиев иштирок намуд.

Дар суханронии худ Галимчон Койшибоев таъкид намуд, ки Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев ба рушди технологияхои инноватсиони ахамияти калон медихад. Вай кайд намуд, ки хукумат барои ичрои вазифахои гузоштаи президент фаъолона кор мекунад ва чунин майдонхо ба табодули афкор дар бораи ояндаи инноватсия дар кишвар мусоидат мекунанд.

Марко Алеман, намояндаи СУМЗ, ахамияти индекси Чахонии инноватсиониро хамчун воситаи дастгирии рушди инноватсиони кайд намуд. Вай таъкид намуд, ки Казокистон дар ин соха муваффакиятхои назаррас нишон медихад, ки ин яке аз сабабхои интихоби Остона, хамчун макони баргузории чорабини буд.

Алибек Куантиров дар суханронии худ гуфт, ки Казокистон дар байни 133 кишвар ба чои 78-ум баромада, мавкеи худро се нукта бехтар намудааст. Вай инчунин, муваффакиятхои кишварро дар чалби сармоягузори ва фарохам овардани шароити мусоид барои тичорат, ки ба пешрафти инноватсия мусоидат мекунад, кайд намуд.

Муаррифии натичахои GIA-2024 ахамияти сармоягузори ба рушди илми ва технологияро дар шароити номуайянии иктисодии чахони таъкид намуд. Чорабини як платформаи мухим барои мубодилаи тачриба ва мухокимаи лоихахои ояндадор дар сохаи танзими патенти ва дастгирии стартапхо гардид.

Дар доираи чорабини инчунин, мулокоти дучониба байни Алибек Куантиров ва Марко Алеман баргузор шуд, ки дар он кадамхои минбаъда дар рушди хамкори байни Казокистон ва СУМЗ мухокима намуда шуданд.

 Аксхо: ВКХ ЧК

error: