Душанбе, 11 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 дар назди лавҳаи ёдгорӣ ба хотири шаҳидони ҷанг, воқеъ дар боғи Камоли Хуҷандӣ, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаю муассисаҳо ва ҷавонони шаҳр иштирок намуданд.

Маросими ёдбуд бо гузоштани гулҳо назди лавҳаи ёдгорӣ ва Оташи абадӣ ба поси хотираи қурбониёни ҷанг оғоз ёфт. Сипас паёми табрикии муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба самъи иштирокдорон ва сокинони шаҳр расонида шуд.
Паёмро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд Акмалҷон Оқилзода қироат намуд.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳозирин ва сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, таъкид намуд, ки тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ бахшида ба 81-солагии Ғалаба иброз доштаанд, қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони Тоҷикистон таҷассумгари саҳми арзишманди мардуми кишвар дар таъмини Ғалабаи бузург ва ҳифзи сулҳу амният мебошад.
Ҳамчунин аз саҳми сокинони Панҷакент дар солҳои ҷанг ёдоварӣ гардид. Қайд шуд, ки дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ 5885 нафар ҷавонмардони шаҳр ба ҷабҳа сафарбар гардида, 2400 нафари онҳо дар майдонҳои набард ҷони худро аз даст додаанд. Имрӯз аз иштирокчиёни ҷанг танҳо хотираи нек ва номи некашон боқӣ мондааст.
Ба муносибати 81-солагии Рӯзи Ғалаба дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳр низ ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни хотиравӣ баргузор карда шуданд.

АКС: хокимияти ичроияи шахри Панчакент
