Душанбе, 08 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон 06 июн Рӯзи забони русӣ ва 227-солагии таваллуди шоири бузург Александр Сергеевич Пушкин таҷлил гардид. Ба муносибати ин санаи хотирмон иштирокчиёни маросими ёдбуд ба пояи нимпайкараи Пушкин, ки дар назди бинои Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон (Славянӣ) гузошта шудааст, гулчанбар гузоштанд.

Дар чорабинӣ роҳбари Хонаи русӣ дар Душанбе Андрей Патрушев, намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода, директори филиали Донишгоҳи технологии таҳқиқотии миллии «МИСИС» дар Тоҷикистон Муминҷон Ҷӯраев, инчунин омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон иштирок намуданд.
Иштирокчиён шеърҳои Пушкинро қироат карданд. Дар миёни онҳо донишҷӯёни хориҷӣ аз Чин низ ҳузур доштанд, ки барои онҳо шиносоӣ бо фарҳанги рус маҳз аз осори шоири бузурги рус оғоз ёфтааст.

Андрей Патрушев зимни суханронӣ таъкид кард, ки номи равшани Пушкин на танҳо ба адабиёти рус, балки ба тамоми адабиёти ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Ба гуфтаи ӯ, осори шоир то имрӯз барои одамони синну соли гуногун ҷолиб боқӣ монда, ба онҳо дар шинохти ҷаҳони бузурги фарҳанг ва каломи русӣ кумак мекунад.

Тавре зикр гардид, гулгузорӣ ба пояи ёдгорӣ бахше аз Ҳафтаи Пушкин аст, ки дар Тоҷикистон ҷараён дорад. Дар доираи ин ҳафта мулоқотҳои адабӣ, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои гуногун, ки ба забони русӣ ва эҷодиёти шоир бахшида шудаанд, баргузор мегарданд. Ҳафтаи идона 9 июн бо баргузории Балли Пушкинӣ ҷамъбаст хоҳад шуд.
АКС: Хонаи русӣ дар Душанбе
