Дар шаҳри Истаравшан Рӯзи Ғалаба ботантана таҷлил гардид – ИА Караван Инфо
Дар шаҳри Истаравшан Рӯзи Ғалаба ботантана таҷлил гардид

Душанбе, 11 май, – АИ «Корвон Иттилоот».  9 майи соли 2026 дар «Майдони Ғалаба»-и шаҳр чорабинӣ бахшида ба 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, иштирокчиёни ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷавонон иштирок намуданд.

Сараввал аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан ва ҳайати ҳамроҳон ҳамчун рамзи эҳтиром дар назди муҷассама гулчамбар гузошта шуд.

Сипас раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ баромад намуда, сокинони шаҳрро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, аз қаҳрамониҳои падарони шуҷоати диёр ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки ҳаштоду як сол муқаддам дар чунин рӯзҳои баҳорӣ хабари маҳви фашизми гитлерӣ ва муждаи зафар дар саросари олам танинандоз гардид. Ин Ғалабаи бузург барои ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нишонаи иттиҳоду дӯстӣ ба ҳисоб мерафт.

Зикр гардид, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор нафар ҷанговарони шуҷои Тоҷикистон ба ҳимояи Ватан сафарбар шуда, аз онҳо 92 ҳазор нафар ҷони худро барои зафару озодии халқ нисор карданд. Аз ҷумла, аз Истаравшан 29 ҳазор ҷавонони бонангу номус ба ҷанг рафта, аз ин шумора 14 ҳазор нафар барнагаштанд.

Корнамоии фарзандони шуҷои диёр, аз ҷумла Раҳим Рахмонов, Александр Куришев, Абдуназар Фармонкулов, Ҷумъаназар Норов, Шариф Тешаев, Мирзо Бобоҷонов, Муҳаммадӣ Иброҳимов, Муҳиддин Додоҷонов, Исмоил Иброҳимов, Ёрмуҳаммад Одинаев ва дигарон вирди забони хурду калон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ғалабаро рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ ва иттиҳоди халқҳо номида, таъкид намудаанд, ки таҷлили ҳамасолаи он анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯз аст.

Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар фарҷом маросими гулчанбаргузорӣ бо иштироки ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.

АКС: Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

error: