Дар Тоҷикистон афзалиятҳои хизматрасониҳои тиббии Бастаи кафолатҳои давлатӣ бозбинӣ мешаванд - ИА Караван Инфо
Дар Тоҷикистон афзалиятҳои хизматрасониҳои тиббии Бастаи кафолатҳои давлатӣ бозбинӣ мешаванд

Душанбе, 15 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ номгӯйи хизматрасониҳои тиббиро таҳлил мекунад, то дастрасӣ, самаранокӣ ва устувории молиявии низоми тандурустӣ беҳтар карда шавад. Ҷаласаи корӣ оид ба бознигарии афзалиятҳои Бастаи кафолатҳои давлатӣ рӯзҳои 14–15 октябр баргузор мегардад.

14 октябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба бознигарии афзалиятҳои хизматрасониҳои тиббии ба Бастаи кафолатҳои давлатӣ воридшуда баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, намояндагони шарикони рушд ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Саломуддин Юсуфӣ зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид кард, ки таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат ва одилонаи тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар доираи татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вазорат бо дастгирии шарикони рушд ҷиҳати такмили низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, таҳкими кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи молиявии аҳолӣ тадбирҳои пайвастаро амалӣ менамояд.

Яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти мазкур бознигарии Бастаи кафолатҳои давлатӣ мебошад. Он бояд ба талаботи воқеии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, вазъи беморшавӣ, имкониятҳои молиявии давлат ва принсипҳои адолати иҷтимоӣ мутобиқ карда шавад.

Бастаи кафолатҳои давлатӣ на танҳо номгӯйи хизматрасониҳои тиббӣ, балки яке аз воситаҳои асосии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва истифодаи самараноки захираҳои давлатии соҳаи тандурустӣ мебошад. Ҳамзамон, мавҷудияти номгӯйи васеи хизматрасониҳо худ аз худ дастрасии воқеии аҳолиро ба онҳо таъмин намекунад. Муҳим он аст, ки хизматрасониҳои пешбинишуда бо маблағгузории зарурӣ таъмин гардида, дар амал барои аҳолӣ дастрас бошанд.

Аз ин рӯ, ҳангоми бознигарии баста ба муайян кардани афзалиятҳои хизматрасониҳои тиббӣ, арзёбии самаранокии онҳо, эҳтиёҷоти гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва имкониятҳои маблағгузории устувор диққати махсус дода мешавад.

Тавре дар ҷаласа зикр гардид, дар доираи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби консорсиуми байналмилалӣ, ки ба ҳайати он Radboudumc, Донишгоҳи Коллеҷи Лондон (UCL) ва M-Vector дохил мешаванд, корҳои таҳлил ва бознигарии Бастаи кафолатҳои давлатӣ оғоз гардидаанд.

То имрӯз гурӯҳҳои кории техникӣ оид ба таҳлили хизматрасониҳои амалкунанда, муқоисаи онҳо бо тавсияҳо ва воситаҳои методологии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, муайян намудани меъёрҳои афзалиятбандӣ ва арзёбии ибтидоии хизматрасониҳо корҳои муайянро анҷом додаанд.

Дар идомаи ҷаласа намояндагони шарикони рушд низ суханронӣ карданд. Баррасии масъалаҳо ба такмили минбаъдаи усулҳои муайян намудани афзалиятҳои кумаки тиббӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ ва имкониятҳои низоми тандурустӣ равона шудааст.

Ҷаласаи корӣ 15 октябр идома меёбад.

Акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.