Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории нави таърихию меъморӣ кашф гардид - ИА Караван Инфо
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории нави таърихию меъморӣ кашф гардид

Душанбе, 01 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ҷараёни корҳои азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, зиёда аз 100 ёдгории нави таърихию меъморӣ ва фарҳангӣ, ки дорои аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ мебошанд, муайян ва ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора аз агентии мазкур хабар доданд.

Корҳо дар доираи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии ва азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ амалӣ шуда, ҳадафи асосии он таҳияи Феҳристи нави давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷараёни корҳои бақайдгирӣ ёдгориҳои таърихию фарҳангии дар вилоятҳо

  • Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои бақайдгирӣ пурра анҷом ёфта, зиёда аз 30 ёдгории дараҷаи ҷумҳуриявӣ ба феҳрист ворид шуданд.
  • Дар вилояти Суғд то имрӯз 70 фоизи корҳои бақайдгирӣ иҷро гардидааст.
  • Дар вилояти Хатлон ин нишондиҳанда ба 90 фоиз расидааст.
  • Дар минтақаи Рашт бошад, зиёда аз 20 ёдгории нав кашф гардидаанд, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ворид карда мешаванд.

Ба гуфтаи мутахассисон, қисми зиёди ёдгориҳои навбозёфт ба давраҳои бостонӣ ва асрҳои миёна тааллуқ дошта, қалъаву шаҳракҳои қадимӣ, мақбараҳо ва ёдгориҳои мазҳабӣ-ро дар бар мегиранд.

Тавре аз агентӣ иттилоъ доданд, ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ нишонаи эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллӣ ва василаи муҳими шинохти решаҳои маънавии миллат ба шумор меравад. Ёдгориҳо таҷассумгари фарҳанг, илму ҳунар ва ҷаҳонбинии халқи тоҷик буда, саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёди моро ба ҳам мепайванданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ таъкид намудаанд:

«Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат — ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ мебошад».

Ташкили Феҳристи нави давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба густариши фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва сайёҳӣ мусоидат намуда, заминаи боэътимод барои ҳифз, бозсозӣ ва таблиғи сарвати маънавии кишвар мегардад.

Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ на танҳо сармояи илмӣ, балки рамзи ваҳдати миллӣ ва пайванди наслҳо мебошанд.

АКС: Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: