Душанбе, 17 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ оид ба маъданҳои дорои аҳамияти стратегӣ иштирок намуда, суханронӣ кард. Чорабинӣ дар Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Дар ин хусус маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад.

Ҳамоиш бо ташаббуси Корпоратсияи кореягии барқарорсозии конҳо ва идоракунии захираҳои маъданӣ (Korea Mine Rehabilitation and Mineral Resources Corporation KOMIR) ташкил карда шуд.
Дар кори чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои соҳавӣ, коршиносон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни суханронӣ намояндаи Тоҷикистон оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди саноати кӯҳкорӣ ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданӣ мебошад ва ин имконият фароҳам меорад, ки соҳаи истихроҷ ва коркарди ашёи хом рушд ёбад, сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб карда шаванд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш пайдо кунанд.
Иштирокчиёни ҳамоиш масъалаҳои гуногуни марбут ба рушди устувори соҳаи кӯҳкорӣ, истифодаи самараноки захираҳои маъданӣ, татбиқи технологияҳои муосири истихроҷ ва коркард, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти маъданҳои дорои аҳамияти стратегиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар саноати кӯҳкорӣ диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки рушди ин соҳа барои пешрафти саноат, таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодии кишварҳо аҳамияти калидӣ дорад.
Дар рафти муҳокимаҳо инчунин қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори назарраси захираҳои табиӣ мебошад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ захираҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла маъданӣ, обӣ, биологӣ ва энергетикӣ мавҷуданд, ки истифодаи самаранок ва оқилонаи онҳо яке аз омилҳои муҳими рушди дарозмуддати иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.
Иштироки ҷониби Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ ба тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, ҷалби технологияҳои пешрафта ва сармоягузорӣ, инчунин муаррифии имкониятҳои саноатии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
