Душанбе, 10 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июн вохӯрии ҷавонони низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Орзу Раҳмоналиев, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҷавонони табибони Тоҷикистон» Бобоҷон Сафаров ва шумораи зиёди мутахассисони ҷавони соҳаи тиб иштирок намуданд.
Дар суханронии худ Зулфия Абдусамадзода таъкид намуд, ки ҷавонон имрӯз нерӯи созандаи ҷомеа буда, дар рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити рушди босуръати илм ва технология маҳз мутахассисони ҷавони соҳибмаълумот, ташаббускор ва ватандӯст метавонанд ба пешрафти давлат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намоянд.
Зикр гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи давлат ба ҳисоб меравад. Аз солҳои аввали истиқлол давлат ба таҳсилот, рушди қобилиятҳои ҷавонон, омодасозии кадрҳои соҳибихтисос ва фароҳамсозии шароити мусоиди фаъолияти онҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳад.

Бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат сиёсати ҷавонон дар кишвар рушди низомӣ, устувори ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пайдо кардааст. Яке аз намунаҳои дастгирии давлатӣ таъсиси ҷоизаҳо ва мукофотҳои бонуфуз барои ҳавасмандгардонии олимон ва мутахассисони ҷавон мебошад.
Аз ҷумла, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон яке аз шаклҳои олии қадрдонии дастовардҳои илмӣ ва эҷодии ҷавонон ба ҳисоб рафта, барои рушди таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти инноватсионӣ ангеза медиҳад.
Таъкид шуд, ки дар солҳои истиқлол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ заминаи устувори омодасозии кадрҳои ҷавон фароҳам оварда шудааст. Ҳар сол ҳазорҳо хатмкунандагони муассисаҳои тиббӣ ба низоми тандурустии кишвар шомил мегарданд. Ҳамзамон имкониятҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, аз ҷумла иштирок дар курсҳо ва барномаҳои таълимӣ дар дохил ва хориҷи кишвар густариш меёбанд.

Дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҳамчун нерӯи калидии рушди кишвар ва идомадиҳандаи дастовардҳои давраи истиқлол арзёбӣ мешаванд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор ҷавонони фаъол сипосномаҳo супорида шуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
