Душанбе, 14 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар рӯзҳои гарму сӯзони тобистон нигоҳубини ниҳолону дарахтон ва обёрии саривақтии онҳо яке аз тадбирҳои муҳимтарини экологӣ ба ҳисоб меравад. Обдиҳии мунтазам, нарм намудани хоки гирди поя ва нигоҳубини доимӣ барои нашъунамои солими дарахтон, ҳифзи сарсабзӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ аҳамияти махсус дорад.

Бо ҳамин мақсад, бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Хуросон маъракаи васеи обдиҳии дарахтон дар ду канори роҳи байналмилалии Бохтар – Хуросон – Душанбе баргузор гардид. Дар солҳои охир дар канори ин шоҳроҳ ҳазорҳо бех дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шудаанд.
Дар чорабинии экологӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Собирзода Қурбоналӣ, масъулони мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони соҳа, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, сокинон ва дӯстдорони табиат иштирок намуда, дар нигоҳубини дарахтони шинонидашуда саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Бо истифода аз мошинҳои махсуси обкашонӣ ва дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ ба ҳазорҳо бех ниҳолону дарахтон об дода шуд. Ҳамзамон ҳолати нашъунамо ва сабзиши онҳо мавриди санҷиш қарор гирифт. Масъулон ба нигоҳубини минбаъдаи дарахтон, аз ҷумла обёрии саривақтӣ, нарм намудани гирди поя ва ҳифзи онҳо аз таъсири ҳарорати баланди ҳаво таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Тавре таъкид гардид, шинонидани дарахт танҳо оғози кор аст ва маҳз нигоҳубини дурусту мунтазам имкон медиҳад, ки ҳар як ниҳол ба дарахти солиму пурқувват табдил ёбад. Аз ин рӯ, дар мавсими гармо обёрии мунтазам яке аз шартҳои асосии ҳифзу нигоҳдории захираи сабзи кишвар маҳсуб меёбад.

Иштирокчиёни маърака изҳор доштанд, ки чунин иқдомҳои нек дар баробари нигоҳ доштани сарсабзии канори роҳҳои автомобилгард, барои беҳтар гардидани вазъи муҳити зист, тозагии ҳаво, коҳиш додани таъсири ҳарорати баланд ва ободу зебо гардидани муҳити атроф низ саҳми назаррас мегузоранд.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони вилоят маъракаҳои обдиҳӣ, нигоҳубини дарахтон ва дигар чорабиниҳои экологиро пайваста роҳандозӣ намуда, ҷиҳати ҳифз ва афзун намудани сарвати сабзи кишвар тадбирҳои муассир амалӣ хоҳад кард.
АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон
