Дар ВКХ-и Қазоқистон нусхаи эътимодномаи сафири Аргентинаро қабул намуданд – ИА Караван Инфо
Дар ВКХ-и Қазоқистон нусхаи эътимодномаи сафири Аргентинаро қабул намуданд

Остона, 4 марти соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Ашикбаев сафири Ҷумҳурии Аргентина Игнасио Феррера Виейраро қабул намуд. Дар ҷараёни мулоқот сафир нусхаҳои эътимодномаҳоро супорид.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Остона ва Буэнос – Айресро баррасӣ намуданд. Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, агросаноатӣ, нақлиётӣ-логистикӣ, фарҳангӣ – гуманитарӣ ва таълимӣ диққати махсус дода шуд.

Масъалаҳои дастгирии мутақобила ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо манфиати тарафайнро дар таҳкими минбаъдаи шарикии қазоқӣ – аргентинӣ тасдиқ намуданд.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ

error: