Даври сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ оғоз шуд – ИА Караван Инфо
Даври сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ оғоз шуд

04.09.24

Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон даври сеюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ эълон кард.

Бино ба маълумоти марказ, давраи сеюми бақайдгирӣ аз 2-юми сентябр оғоз ва то то 15-уми сентябр давом мекунад.

ММТ барои бақайдгирии довталабон дар ин давр дар 10 шаҳру ноҳия – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳияи дигар – Норак, Роғун, Турсунзода, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Ёвон, Қубодиён, Шаҳритус, Нуробод, Лахш, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ховалинг, Фархор, Ҳамадонӣ ва Темурмалик нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъол кардааст.

Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:

– шахсоне, ки дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;

– довталабони дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;

-довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;

– довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

– довталабоне, ки дар асоси дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Дар даври сеюм ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён пас аз даврҳои якум ва дуюм холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд.

Дар ин даври бақайдгирӣ ба довталабон 8 шаҳру ноҳия – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо якеро интихоб карда метавонанд.

Бояд гуфт, ки имсол бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегард.

Давраи сеюми бақайдгирии довталабон дар асоси ҷойҳои холимонда гузаронида мешавад. Аммо дар давраи чоруми бақайдгирӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ, имсол дар байни ихтисосҳо кластери 5 (тибб, биология ва варзиш) маъмултарин буда, шумораи довталабон 98,54% ҷойҳои нақшавӣ дар ин гурӯҳро ташкил медиҳад.

Дар ҷои дуюм кластери 4-ум – ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ қарор дошт. Теъдоди довталабоне, ки ин ихтисосҳоро интихоб кардаанд, ба 93,75 фоизи шумораи ҷойҳои нақшавӣ баробар аст.

Филология, педагогика ва санъат дар ҷои сеюм қарор доранд, шумораи умумии довталабони ба қайд гирифташуда ба 90% аз шумораи ҷойҳои нақшавӣ баробар аст.

Ба ихтисосҳои табиию техникӣ, иқтисод ва ҷуғрофия камтар довталабон дохил мешаванд, ки нишондиҳандаи ин ихтисосҳо 54,44 ва 79% мебошад.

АКС аз манбаҳои боз

error: