Душанбе, 02 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Масъалаи таҳсилот ва ҷавонон дар меҳвари мулоқоти баргузоршуда дар ҳошияи ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шоҳигарии Муттаҳида дар қолаби «С5+1», ки 25 феврал дар бинои Парлумони Британия баргузор гардид, қарор дошт.

Дар доираи ин чорабинӣ донишҷӯёни кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Британия таҳсил мекунанд, бо вазирони корҳои хориҷии давлатҳои худ мулоқот анҷом доданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироджиддин Мухриддин бо шароити зиндагӣ ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Британия шинос гардид. Зимни суҳбат ба масъалаҳои мутобиқшавии ҷавонон, муҳити илмӣ ва дурнамои фаъолияти касбии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки пас аз анҷоми бомуваффақияти таҳсил мутахассисони ҷавон ба Ватан баргашта, дониш ва малакаҳои андӯхтаи худро барои рушди Тоҷикистон равона месозанд.
Барномаи Стипендияи Президентии «Дурахшандагон» ҳамасола ҷавонони болаёқати тоҷикро ба кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Британия, барои таҳсил равона менамояд. Онҳо дар самтҳои иқтисод, сиёсат ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои бонуфуз таҳсил мекунанд.
Ин иқдом ҳамчун сармоягузории дарозмуддат ба сармояи инсонӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҳошияи ҷаласа Сироджиддин Мухриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкории Иттиҳод ва рушдии Шоҳигарии Муттаҳида Иветт Куппер Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсилоти олӣ ва омӯзиши забони англисиро ба имзо расониданд.
Ҳуҷҷати мазкур барои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Британия дар соҳаи илм ва маориф заминаи мусоид фароҳам оварда, имкониятҳои навро барои барномаҳои муштарак ва мубодилаи академӣ боз мекунад.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
