Душанбе, 22 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Муғулистон маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими башардӯстонаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон ба шумор меравад.

Барномаи густурдаи фарҳангӣ, ки аз 20 то 22 июл идома меёбад, таърихи ғанӣ, мероси фарҳангӣ, санъат ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарии ду кишвари дӯст заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи чорабинӣ намоиши мусаввараҳо ва аксҳои бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Аз ин намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён якҷо бо Хонуми олиҷоҳ, ҳамсари Президенти Муғулистон боздид намуданд.

Дар экспозитсия мусаввараҳо ва аксҳое ба маъраз гузошта шуданд, ки таърихи куҳан, тамаддуни тоҷикон, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва манзараҳои нотакрори табиати Тоҷикистонро таҷассум мекарданд. Дар маҷмӯъ намоиш симои пуррангу ғании Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои мероси фарҳангии бостонӣ ва табиати зебо муаррифӣ намуд.

Ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Вазири фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва корҳои ҷавонони Муғулистон Жуковын Алдаржавхлан расман оғоз бахшиданд. Зимни суханрониҳои худ онҳо аҳамияти ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитариро ҳамчун воситаи муассири таҳкими дӯстӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмии байни мардумони ду кишвар таъкид карданд.
Қисмати асосии барномаи идона консерти бошукӯҳи устодони санъати Тоҷикистон буд, ки дар Қасри марказии фарҳанги Муғулистон баргузор гардид. Ба тамошобинон беҳтарин намунаҳои санъати мусиқӣ ва рақсии тоҷик — сурудҳои миллӣ, оҳангҳои созӣ ва рақсҳои мардумӣ пешкаш шуданд, ки рангорангии фарҳанги миллиро инъикос мекарданд.

Ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон бо ҳунари волои худ меҳмонони олимақом, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Улан-Батор, инчунин сокинону меҳмонони пойтахти Муғулистонро ба ваҷд оварданд. Ҳар як баромад бо кафкӯбиҳои гарми ҳозирин истиқбол гирифта шуда, нишонаи таваҷҷуҳи афзоянда ба фарҳанги тоҷик арзёбӣ гардид.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон намунаи равшани рушди дипломатияи фарҳангӣ мебошад, ки тавассути санъат, мусиқӣ ва арзишҳои миллӣ ба таҳкими ҳамкориҳои башардӯстона, густариши табодули фарҳангӣ ва рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Муғулистон мусоидат мекунад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
