Душанбе, 24 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Вашингтон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур ва муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба созмонҳои байналмилалӣ Роналд Крискуоло баргузор гардид.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд. Ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин ҳамоҳангсозии талошҳо дар доираи амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбарони сохторҳои калидии Департаменти давлатии ИМА равиши амалгароёнаи Душанберо дар пешбурди манфиатҳои миллии худ инъикос мекунад.
Ба назари таҳлилгарони АИ «Корвон Иттилоот», баррасии мустақими масъалаҳои ҳамкорӣ бо Департаменти давлатии ИМА ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар доираи формати C5+1, ҷалби сармояи амрикоӣ ба соҳаҳои технологияҳои «сабз» ва густариши ҳамкорӣ дар заминаи Созмони Милали Муттаҳид мусоидат хоҳад кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
