Душанбе, 7 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар меҳвари баррасии нишаст пешгирии истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ бо мақсадҳои террористию экстремистӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва ташаккули равишҳои муштарак барои вокуниш ба таҳдидҳои нави технологӣ қарор доранд.

Паҳншавии босуръати зеҳни сунъӣ на танҳо иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ, балки муҳтавои рӯзномаи муносибатҳои байналмилалиро низ тағйир медиҳад.
Масъалаҳои амният, танзим ва истифодаи масъулонаи ин технология хусусияти фаромиллӣ пайдо карда, ҳамоҳангсозии иқдомҳои давлатҳоро тақозо менамоянд. Дар чунин шароит дипломатияи технологӣ ба самти мустақили ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфта, таҳияи меъёрҳои ҳуқуқӣ, таъсиси механизмҳои институтсионалӣ, рушди инфрасохтор ва омодасозии мутахассисони баландихтисосро фаро мегирад. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин масъала аҳаммияти хос дорад. Зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, автоматикунонии истеҳсолот, такмили хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ҳамзамон, истифодаи он ҳифзи маълумоти шахсӣ, муайян намудани масъулият барои қарорҳои низомҳои автоматиконидашуда ва ташаккули механизмҳои самараноки назоратро талаб мекунад.
Тоҷикистон рушди зеҳни сунъиро яке аз самтҳои афзалиятноки рақамикунонӣ ва навсозии иқтисоди миллӣ арзёбӣ менамояд. Асоси сиёсати соҳавиро Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ташкил медиҳад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, № 483 тасдиқ гардида, бо қарори 31 январи соли 2025, № 83 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Ҳуҷҷати мазкур, аз ҷумла, ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръат мусоидат менамояд.
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба баррасии нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувори Осиёи Марказӣ низ аҳаммияти муҳим дорад. Ин ташаббус дар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2025 инъикос ёфта, барои густариши муколамаи сиёсӣ ва дипломатии минтақавӣ заминаи иловагӣ фароҳам овардааст.

Кишварҳои минтақа дар марҳилаҳои гуногуни ташаккули сиёсати миллӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ қарор доранд. Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон стратегияҳои соҳавии дахлдорро қабул кардаанд. Дар Қирғизистон ва Туркманистон бошад, ташаккули механизмҳои стратегӣ ва институтсионалӣ идома дорад. Ин фарқиятҳо ба сатҳи рушди инфрасохтори технологӣ, иқтидори кадрӣ, имкониятҳои иқтисодӣ ва миқёси ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста мебошанд.
Бо вуҷуди ин, манфиатҳои умумӣ, аз ҷумла рақамикунонии иқтисодиёт, такмили идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии технологӣ, барои ҳамкории муштарак замина фароҳам меоранд. Ҳамкории минтақавӣ метавонад ба табодули дониш, ҳамоҳангсозии равишҳо дар самти амнияти зеҳни сунъӣ ва коҳиш додани нобаробарии рақамӣ мусоидат намояд.
Ҳамин тариқ, баррасии масъалаҳои амнияти зеҳни сунъӣ дар доираи «Раванди Ақаба» на танҳо барои муқовимат ба таҳдидҳои нав, балки барои ташаккули сиёсати ҳамоҳангшудаи технологӣ дар Осиёи Марказӣ аҳаммият дорад. Барои Тоҷикистон чунин ҳамкорӣ имкониятҳои иловагиро ҷиҳати татбиқи стратегияи миллӣ, таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва пешбурди ташаббусҳои минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меорад.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
