Ду варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳонии MMA соҳиби медали тилло шуданд - ИА Караван Инфо
Ду варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳонии MMA соҳиби медали тилло шуданд

Душанбе, 13 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Варзишгарони тоҷик Муҳаммадкабир Назарзода ва Муҳаммадамин Шамолов дар Чемпионати ҷаҳонии муборизаҳои омехта (Amateur MMA World Championship), ки таҳти сарпарастии Федератсияи ҷаҳонии UWW баргузор гардид, медалҳои тилло ба даст оварданд.

Ин дастовард нишон медиҳад, ки мактаби миллии ММА-и Тоҷикистон босуръат рушд мекунад ва варзишгарони ҷавони кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ худро бо ифтихор муаррифӣ менамоянд.

Муҳаммадкабир Назарзода (то 62 кг) бо намоиши маҳорати баланд ва иродаи қавӣ се пирӯзии пайдарпай ба даст овард: дар чорякфинал Эспина Лопес (Испания)-ро шикаст дод, дар нимфинал бар Михаил Клеменков ғолиб омад ва дар финал Максим Бусигин-ро мағлуб сохта, соҳиби медали тилло гардид.

Муҳаммадамин Шамолов (то 66 кг) низ бе ягон шикаст ба мақоми аввал расид:
дар даври аввал бар Рикардс Хаубертс (Латвия) пирӯз шуд, дар нимфинал Олег Черник (Украина)-ро мағлуб кард ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Никита Лихтин ғолиб омад.

Ин натиҷа қадами муҳими дигар дар рушди варзиши тоҷик ба ҳисоб меравад ва самараи дастгирии давлатии соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст.

Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ба Ватан ифтихор меоранд ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло мебардоранд.

АКС: аз манбаъҳои боз

error: