Душанбе, 14 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Роҳбари ҳайати Федератсияи Русия Диляра Боровик сатҳи ташкили 35-уми Конфронси минтақавии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор мегардад, баланд арзёбӣ намуд.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон на танҳо омодагии хуби ҳамоиши байналмилалиро нишон дод, балки меҳмоннавозии самимӣ ва камназирро низ ба намоиш гузошт.
Боровик таъкид кард, ки ин нахустин сафари ӯ ба Тоҷикистон аст ва таассуроти хеле мусбат боқӣ гузоштааст. Ӯ зебоии пойтахт, фаровонии гулҳо ва самимияти сокинонро махсус зикр намуда, гуфт, ки мардум ҳатто дар масъалаҳои оддии рӯзмарра ба меҳмонон кӯмак мекунанд ва онҳоро роҳнамоӣ месозанд.
Роҳбари ҳайати Русия аҳамияти ин конфронсро ҳамчун майдони байналмилалӣ барои баррасии чолишҳои мубрами соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити тағйирёбии иқлим, коҳиши гуногунии биологӣ ва фишорҳои рӯзафзуни низомҳои аграрӣ, муколама миёни давлатҳо арзиши бештар пайдо мекунад.

Диляра Боровик ҳамчунин нақши Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ ҷудогона зикр карда, кишварро «анбори асосии захираҳои обии минтақа» номид. Ба гуфтаи ӯ, муҳим аст, ки ҷониби қабулкунанда — Вазорати кишоварзии Тоҷикистон — иқтидори ҷумҳурӣ ва омодагии онро ба ҳамкорӣ ҳам бо кишварҳои ҳамсоя, ҳам бо Аврупо ва Русия муаррифӣ намуд.
Дар анҷом намояндаи ҳайати Русия изҳор дошт, ки конфронс дар сатҳи баланд баргузор мешавад ва ихтилофҳои эҳтимолии байни давлатҳо метавонанд тавассути муколамаи ошкоро ва кори муштарак бартараф шаванд. Ҳамин гуна форумҳо, ба гуфтаи ӯ, чолишҳои умумиро ба фазои ҳалли амалӣ табдил медиҳанд.
АКС: АМИТ «ХОВАР»
