Душанбе ба сӯи рушди рақамӣ ва устуворӣ: ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ - ИА Караван Инфо
  Душанбе ба сӯи рушди рақамӣ ва устуворӣ: ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ

Душанбе, 22 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. 19 ноябри соли 2025 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart City)–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти корхона бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид. Мавзӯи вохӯрӣ — лоиҳаи «Муосиргардонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар Тоҷикистон».

Дар оғози вохӯрӣ меҳмонон бо фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои амалишавандаи он шинос шуданд. Ҳамчунин, рӯнамоии муфассал оид ба самтҳои асосии фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» пешниҳод гардид, ки дастовардҳо ва нақшаҳои оянда барои рушди пойтахт дар заминаи рақамисозӣ ва беҳбудии муҳити зистро инъикос мекард.

Зимни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ намуданд:

  • Арзёбии дастовардҳо ва мушкилот дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор;
  • Пешбурди ташаббусҳо барои беҳбудии муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии устувор дар шаҳрҳо;
  • Эҷоди платформаҳои муштарак барои мубодилаи таҷриба бо кишварҳои дигар дар соҳаи рақамисозӣ.

Ҳамчунин, нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ ва имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак муҳокима шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати рушди рақамии устувор дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд.

Бо ин вохӯрӣ заминаи ҳамкории зич ва устувор байни «Шаҳри ҳушманд» ва Бонки ҷаҳонӣ барои рушди пойтахт дар соҳаи рақамисозӣ ва беҳбудии муҳити зист тақвият ёфт.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»

error: