Душанбе, 10 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рақсҳои варзишӣ баргузор гардид, ки беҳтарин намояндагони ин намуди варзиш, ҷавонони соҳибистеъдод ва фаъолони соҳаи фарҳангро ба ҳам овард. Чорабинии бузург 5 июл дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе доир гардида, на танҳо мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, балки марҳилаи муҳими интихоб барои чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ низ ба ҳисоб мерафт.

Меҳмонони фахрии чемпионат намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки иштироки онҳо аҳамияти чорабинӣ ва нақши онро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи варзиш ва фарҳанг боз ҳам бештар таъкид намуд.
Яке аз рӯйдодҳои асосии барномаи чемпионат баргузории марҳилаи миллии ҷоизаи байналмилалии рушди фарҳанг ва варзиши кӯчагӣ «КАРДО» буд, ки дар доираи платформаи президентии «Россия – мамлакати имкониятҳо» амалӣ мешавад. Ғолибони даври ҷумҳуриявӣ имконият пайдо мекунанд, ки Тоҷикистонро дар даври ниҳоии лоиҳа, ки моҳи сентябри соли 2026 дар шаҳри Владивосток баргузор мегардад, намояндагӣ намоянд.
Ҳамзамон дар доираи чемпионат даври интихобӣ барои иштирок дар Бозиҳои XX Осиё низ баргузор гардид. Ин омил ба мусобиқа мақоми баландтари варзишӣ бахшида, барои беҳтарин варзишгарон имкони роҳ ёфтан ба яке аз муҳимтарин мусобиқаҳои қоравиро фароҳам овард.

Дар анҷоми мусобиқа маросими ботантанаи қадрдонии ғолибону ҷоизадорон баргузор шуда, иштирокчиёне, ки маҳорати баланд, омодагии касбӣ ва натиҷаҳои назаррас нишон доданд, бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо намоиши коллексияи нави New Era Fashion House, баромади ҳунармандон Corleone & Amin ва инчунин намоиши филми «И бьётся», ки ба роҳи варзишгарон сӯи муваффақият ва паси сар намудани мушкилоти зиндагӣ бахшида шудааст, идома ёфт.
Баргузории чемпионат боз як далели равшани афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба рақсҳои варзишӣ, рушди фарҳанги муосири варзиш ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад. Чунин чорабиниҳо барои ошкор намудани истеъдоди ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Акс: Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
