Душанбе, 21 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе татбиқи барномаи нави рушди сайёҳии дохилиро оғоз намуд, ки ташкили силсилаи хатсайрҳои сайёҳӣ барои кормандони сохторҳои шаҳриро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии ташаббус муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва табиии кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва шиносоии васеъ бо имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои Тоҷикистон мебошад.

Тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатсайрҳои сайёҳӣ аз моҳи июл то моҳи октябри соли ҷорӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ баргузор мегарданд.
Дар барнома кормандони мақомоти шаҳрӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон иштирок намуда, аз мавзеъҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии ҷумҳурӣ боздид хоҳанд кард.
Хатсайрҳо самтҳои Душанбе – Рашт – Нуробод – Душанбе, Душанбе – Балҷувон – Ховалинг – Душанбе, Душанбе – Норак – Душанбе, Душанбе – Ромит (Арху) – Душанбе, Душанбе – Айнӣ (Искандаркӯл) – Душанбе, Душанбе – Данғара – Восеъ – Кӯлоб – Муъминобод – Душанбе, Душанбе – Роғун – Душанбе ва Душанбе – Ҳисор – Душанбе-ро фаро гирифта, имконият медиҳанд, ки иштирокчиён бо мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, захираҳои табиӣ ва инфрасохтори сайёҳии минтақаҳо аз наздик шинос шаванд.

Ҳамзамон, дар доираи ҳар як сафар баргузории ҳамоишҳои маърифатӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши филмҳои ватандӯстона, дарсҳои омӯзишӣ оид ба рушди сайёҳӣ, сайёҳии экологӣ ва кӯҳгардӣ, ҳифзи муҳити зист, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ пешбинӣ гардидааст.
Нахустин хатсайр 18 июл оғоз шуда, иштирокчиён ба ноҳияҳои Рашт ва Нуробод сафар намуданд. Дар ноҳияи Рашт онҳо аз Боғи ботаникӣ, Осорхонаи кишваршиносии «Кӯҳсори Аҷам» ва дараи Камароб боздид намуда, бо иқтидори сайёҳӣ ва агросайёҳии минтақа шинос гардиданд.

Дар ноҳияи Нуробод иштирокчиён филми ҳуҷҷатии «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳи ҷаҳон»-ро тамошо карда, аз намоишгоҳи аксҳо оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо, боғи фарҳангу фароғатӣ ва мавзеи сайёҳии «Чашмаи Боғаланг» боздид намуданд.
Дар идомаи сафар ҳамоиши маърифатӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки раиси ноҳияи Нуробод баргузор гардида, нақши истиқлол дар рушди устувори мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум таъкид карда шуд.

Татбиқи чунин хатсайрҳои муташаккили сайёҳӣ аз гузариши Тоҷикистон ба модели низомноки рушди сайёҳии дохилӣ шаҳодат медиҳад. Ин ташаббус унсурҳои сайёҳӣ, маърифат, тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар як барномаи ягона муттаҳид намуда, барои шиносоии бештари шаҳрвандон бо имкониятҳои минтақаҳои кишвар замина фароҳам меорад.
Ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерон метавонад ба муаррифии васеи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон мусоидат намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба саёҳати дохилӣ афзоиш диҳад. Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдом яке аз воситаҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди бозори сайёҳии дохилӣ ва дастгирии иқтисоди минтақаҳо ба ҳисоб меравад.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
