Душанбе, 24 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». 23 феврал дар пойтахти Гурҷистон — Тбилиси — машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Нигина Ализода намояндагӣ карда, ҷониби гурҷиро Александр Хвтисиашвили сарварӣ намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷи хабар доданд, мулоқот дар фазои созанда баргузор шуда, ба баррасии ҳамаҷонибаи вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва муайян намудани дурнамои тавсеаи минбаъдаи онҳо бахшида шуд.
Дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо таҳкими муколамаи сиёсӣ ва фаъолсозии робитаҳои байнидавлатӣ қарор дошт. Ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, густариши робитаҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар аҳамияти махсус дода шуд. Ҳамзамон масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ гардида, самти гуманитарӣ ҳамчун заминаи муҳими шарикии устувор арзёбӣ шуд.
Қисми ҷудогонаи музокирот ба мубодилаи афкор перомуни масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ бахшида гардид. Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамоҳангсозии талошҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, таъкид карданд. Ҳамчунин садоқат ба идомаи ҳамкории зич дар масъалаҳои суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тасдиқ гардид.
Дар поёни машваратҳо намояндагони ду кишвар аҳамияти идомаи тамосҳои мунтазамро дар сатҳҳои гуногун — аз байниҳукуматӣ то коршиносӣ — ҳамчун шарти муҳимми рушди пайдарпайи ҳамкориҳои Тоҷикистону Гурҷистон таъкид намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷи
