Душанбе, 08 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Хуҷанд таҳти шиори рамзии «Ҳеҷ кас фаромӯш нашудааст, ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!» аксияи ватандӯстона ба ифтихори қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. Ин ташаббус аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр якҷо бо созмони ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» амалӣ карда шуд.

Дар чорабинӣ зиёда аз 100 фаъоли ҷавон, волонтёр ва намояндагони ҷавонони ташаббускори минтақа иштирок намуданд. Дар аксия намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Музаффар Раупзода, мудири бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев, инчунин фаъолони созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ — ҳифзи хотираи таърихӣ дар бораи рӯйдодҳои солҳои 1941–1945, изҳори эҳтиром ба собиқадорон ва меҳнаткашони ақибгоҳ, инчунин тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.
Дар доираи аксия дар кӯчаҳои марказӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии Хуҷанд ба сокинон ва меҳмонони шаҳр открыткаҳои табрикотӣ, буклетҳои иттилоотӣ ва маводи хотиравӣ тақсим карда шуд. Иштирокчиён ҳамчунин дар бораи аҳамияти Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамонии сарбозон ва саҳми мардуми Тоҷикистон дар расидан ба Ғалаба маълумот доданд.
Ба маълумоти таърихӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд: дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба фронт сафарбар гардида, зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок шудаанд. Беш аз 55 ҳазор ҷанговар бо ордену медалҳо қадрдонӣ гардида, 55 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шудаанд. Дар ҷумҳурӣ 29 беморхона фаъолият дошт, ки тақрибан 50 ҳазор маҷрӯҳро қабул намуданд. Зодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои муҳими ҷанг — аз дифои Маскав ва муҳорибаи Сталинград то штурми Берлин — иштирок кардаанд.
Ташкилкунандагон таъкид карданд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз саҳифаҳои фоҷиабори таърихи ҷаҳон буда, қаҳрамонии иштирокчиёни он ҳамеша рамзи шуҷоат, фидокорӣ ва муҳаббат ба Ватан боқӣ мемонад.

Мудири бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев зикр кард, ки ҳифзи хотираи қаҳрамонон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба таърих вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошанд.
Аксия дар фазои эҳтиром, сипос ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ баргузор гардид. Сокинони Хуҷанд ин ташаббусро мусбат арзёбӣ намуда, аҳамияти чунин чорабиниҳоро барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва тарбияи ватандӯстии насли ҷавон таъкид карданд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
