Елена Рибакина бо боварӣ ба даври сеюми Уимблдон баромад - ИА Караван Инфо
Елена Рибакина бо боварӣ ба даври сеюми Уимблдон баромад

Лондон, 3 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Ракеткаи аввали Қазоқистон Елена Рибакина (ҷойи дуюм дар рейтинги ҷаҳонӣ) Кэти Макнали амрикоиро (ракетаи 50-уми ҷаҳон) дар даври дуюми Уимблдон шикаст дод.

Бозӣ 1 соат ва 11 дақиқа давом намуд ва бо ҳисоби 6:1, 6:2 ба анҷом расид. Рибакина як эйс (пасдиҳӣ ба беруншавӣ) намуд, се хатои дукарата содир намуд ва аз даҳ нуқтаи брейк чор нуқтаро иҷро кард.

Дар даври сеюм, қазоқистонӣ бо ракеткаи 25-уми ҷаҳон элиза Мертенс (Elise Mertens) – и Белгия вомехӯрад.

Аксҳо: ФКТ