Душанбе, 31 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 11 то 17 сентябри соли 2026 шаҳри Екатеринбург мизбони Фестивали байналмилалии ҷавонон мегардад — як майдони бузург, ки иштирокчиёнро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон гирд меорад. Ташкилкунандагон намояндагони нӯҳ самтро ба иштирок даъват мекунанд — аз IT ва варзиш то соҳаҳои эҷодӣ ва идоракунии давлатӣ.

Фестивал на танҳо як силсила чорабиниҳо, балки фазои муколамаи касбӣ, табодули таҷриба ва пайдо кардани идеяҳои нав арзёбӣ мешавад. Иштирокчиёнро барномаи таълимӣ, вохӯриҳо бо шахсиятҳои таъсиргузор, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ интизоранд.
Чорабиниҳои асосии форум дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии «Екатеринбург-ЭКСПО» баргузор мешаванд. Ҷойи истиқомати иштирокчиён дар шаҳраки донишҷӯии Донишгоҳи федералии Урал ташкил карда мешавад, ки барои иқомати бароҳати ҷавонон пешбинӣ шудааст.
Бақайдгирӣ ба фестивал то 30 апрел идома меёбад. Дархостҳоро метавон тавассути сомонаи wyffest.com пешниҳод намуд. Интихоб дар асоси озмун сурат мегирад: довталабон бояд саволнома пур карда, дар бораи дастовардҳо, лоиҳаҳо ё ангезаи иштирокашон маълумот диҳанд.

Ташкилкунандагон таъкид менамоянд, ки фестивал ба ҷавонон имкон медиҳад, ки худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд, ҳамандешон пайдо намоянд ва ба ҷомеаи ҷаҳонии ҷавонон ҳамроҳ шаванд.
АКС: ТАСС
