Душанбе, 16 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз соли 2017 то соли 2025 гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 3,8 баробар афзоиш ёфта, аз 238 миллион доллар ба 912 миллион доллар расидааст. Содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ба бозори Тоҷикистон 3,7 баробар зиёд шуда, дар ҳамин давра содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон зиёда аз чор баробар афзоиш ёфтааст.

Ин маълумот дар ҷараёни конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ӯзбекистон — Тоҷикистон: дурнамои нави ҳампаймонӣ ва ҳамкории минтақавӣ», ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ироа шуд. Чорабинӣ аз ҷониби Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ, коршиносон ва намояндагони муҳити академии ҳар ду кишвар иштирок намуданд.
Муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Ӯзбекистон Хуршед Асадов таъкид кард, ки гардиши мол миёни ду давлат метавонад боз 30–40 фоиз афзоиш ёбад. Ба гуфтаи ӯ, чунин афзоиш пеш аз ҳама ба шарофати иваз намудани воридоти Тоҷикистон аз кишварҳои сеюм бо маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон имконпазир мегардад.
Ба гуфтаи коршинос, рушди ҳамкории саноатӣ, махсусан дар бахшҳои кишоварзӣ ва агрологистика, инчунин беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ метавонад нақши муҳим дар густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ байни ду кишвар бозад.
Дар ҷараёни ҳамоиш самтҳои асосии ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун — иқтисод, нақлиёт, фарҳанг ва маориф — баррасӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба дурнамои таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди ҳамкории саноатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон равона шуда буд.
Муовини якуми директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ӯзбекистон Акрамҷон Неъматов пешниҳод намуд, ки фазои умумии истеҳсолӣ ва технологӣ байни ду кишвар таъсис дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдом метавонад вобастагии иқтисодҳоро аз таъсири омилҳои беруна коҳиш дода, воридоти гаронбаҳоро иваз намояд ва сатҳи рақобатпазирии иқтисодҳоро боло барад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки рушди кооператсияи муштараки саноатӣ барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои сеюм, аз ҷумла Афғонистон ва минтақаҳои Осиёи Ҷанубӣ, имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Ба андешаи коршинос, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, навсозии низомҳои обёрӣ ва бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд низ метавонад аҳамияти калон дошта бошад, бахусус дар шароити тағйирёбии иқлим. Дар баробари ин, рушди энергетикаи сабз, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, яке аз самтҳои муҳими ҳамкории оянда арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин зарурати рақамисозии соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ таъкид гардид, ки он метавонад истифодаи самараноки захираҳои об ва ҷорӣ намудани технологияҳои кишоварзии дақиқ-ро таъмин намояд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки таъсиси кластерҳои агросаноатӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ имконият медиҳад, ки гардиши мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёбад, зеро хароҷоти логистикӣ коҳиш меёбад. Ҳамзамон гузариш аз парвариши пахта ба зироатҳои сердаромадтар, аз қабили чормағз, бодом, зироатҳои буттагӣ ва сабзавоти гармхонаӣ, метавонад ба диверсификатсияи соҳаи кишоварзӣ мусоидат намояд.

Дар ҷараёни конференсия ҳамчунин масъалаи ташаккули модели нави муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бар пояи прагматизми стратегӣ, наздикии таърихию фарҳангӣ ва ҳадафҳои дарозмуддати рушд асос меёбад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён таъкид карданд, ки таҳкими ҳамкории ду кишвар на танҳо ба рушди иқтисоди онҳо мусоидат мекунад, балки барои таъмини субот ва рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ низ аҳамияти муҳим дорад.
Дар доираи ҳамоиш се ҷаласаи мавзӯӣ баргузор гардид:
- «Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: ба сӯи сатҳи нави шарикии ҳампаймонӣ»;
- «Дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ»;
- «Таҳкими ҳамкории ду кишвар дар қолабҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ».
Акс: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
