Гармии рекорди ва хушксоли дар Юнон харобахои дехаи гаркшудаи Каллиоро фош намуд – ИА Караван Инфо
Гармии рекорди ва хушксоли дар Юнон харобахои дехаи гаркшудаи Каллиоро фош намуд

Дар натичаи гармии рекорди ва хушксолии тулони дар Юнон харобахои дехаи Каллио ошкор намуда шуданд, ки дар охири солхои 1970-ум хангоми сохтани кули Морнос, обанбори асосии Афина зери об монда буд. Дар ин бора Хабаргузории Reuters хабар додааст. Дар чанд мохи охир сатхи об дар кул сеяк кохиш ёфт, ки боиси кариб чил метр акиб рафтани об гардид. Дар чои оби акибмонда холо деворхои нимнобудшудаи хонахо, мактабхо ва калисохо дида мешаванд.

Юнон гармтарин мавсими зимистон ва гармтарин июл дар таърихи мушохидахоро аз сар мегузаронад. Макомоти юнон аз беш аз се миллион сокини Аттика, минтакаи наздики Афина, даъват намуданд, ки обро сарфа кунанд. Ба гуфтаи макомоти махалли, хушксоли ду сол пай дар пай идома дорад, ки ин мушкилоти обтаъминкуниро шадидтар мекунад.

Димитрис Яннопулос, шахрдори мунисипалитети Дорида, дар бораи ин вазъ чунин шарх дод: “Дар аввали тобистон хушксолии шадид сар шуд. Дар ибтидо харорат он кадар шадид набуд, аммо бо мурури замон кул ба акиб кашидан огоз намуд ва харобахои кадимиро ошкор намуд. Ин ба камшавии кул монанд аст, ки мо дар солхои 1990-ум аз сар гузаронидаем, вакте ки онро пиёда убур намудан мумкин буд.”

Аксхо: EPA

error: