Густариши ҳамкориҳои амниятӣ: мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо фармондеҳи Гвардияи миллии Вирҷиния – ИА Караван Инфо
Густариши ҳамкориҳои амниятӣ: мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо фармондеҳи Гвардияи миллии Вирҷиния

Душанбе, 18 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 15 майи соли 2026 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти сатҳи баланди дипломатӣ миёни намояндаи расмии Тоҷикистон ва сохтори низомии иёлати Вирҷиния баргузор гардид, ки дар маркази он масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир қарор доштанд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Завқизода Завқӣ бо сафари корӣ ба қароргоҳи Ситоди муттаҳидаи Гвардияи миллии Вирҷиния ташриф оварда, бо фармондеҳи ин сохтори низомӣ генерал-майор Ҷеймс Ринг мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳоро байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида дар самтҳои таъмини амнияти сарҳадӣ, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир, инчунин таҳкими суботи минтақавӣ ва баланд бардоштани иқтидори нерӯҳои ҳарбӣ ва марзбонӣ баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ танҳо дар доираи ҳамкории муассири кишварҳо ва табодули таҷрибаи амалӣ метавонад натиҷаҳои устувор диҳад. Дар ин замина густариши робитаҳои амалӣ миёни сохторҳои дахлдор ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.

Дар идомаи сафар Сафири Тоҷикистон аз полки 183-уми Институти омӯзиши низомии минтақавӣ дидан намуда, бо раванди омодагии ҷангӣ ва машқҳои амалӣ дар байни сарбозон шинос шуд. Ин боздид имкон дод, ки таҷрибаи таълимӣ ва низоми омодасозии кадрҳои ҳарбӣ аз наздик омӯзиш ва баррасӣ гардад.

Тибқи арзёбии ҷонибҳо, чунин тамосҳо ба таҳкими эътимоди мутақобила ва тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи амният ва мудофиа мусоидат мекунанд.

Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

error: