Хуҷанд дар ҳаракат: дар маркази Суғд Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Хуҷанд дар ҳаракат: дар маркази Суғд Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд

Душанбе, 18 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки ба як чорабинии васеи варзишӣ ва ҷамъиятӣ табдил ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин ҳамоиши оммавӣ беш аз 25 ҳазор сокинони касбу кори гуногун, ҷавонону наврасон ва дӯстдорони варзиш ширкат варзиданд. Ҳузури чунин теъдоди калон бори дигар нишон дод, ки варзиш дар ҷомеаи Тоҷикистон на танҳо воситаи рақобат, балки заминаи муҳими тарбияи ҷисмонӣ, рӯҳбаландӣ ва таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зикр кард, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 Дави миллӣ ҳамасола дар саросари кишвар баргузор мегардад. Ба гуфтаи ӯ, чунин ташаббусҳо ба саломатии аҳолӣ, болоравии руҳияи ҷавонон ва оммавигардонии варзиш мусоидат мекунанд.

Масъулин таъкид карданд, ки варзиш барои инсон на танҳо нерӯи ҷисмонӣ, балки эътимод, интизом ва ҷаҳонбинии солим мебахшад. Дар ҳамин замина, баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ҳамчун як қисми сиёсати давлатӣ дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва ҷалби бештари аҳолӣ ба ҳаракатҳои оммавии варзишӣ арзёбӣ шуд.

Маросими ифтитоҳи чорабинӣ аз даромадгоҳи хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида, иштирокчиён тавассути ин хиёбон, кӯчаи Султон Умаров, купруки нав ва хиёбони Раҳмон Набиев то майдони назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давиданд ва рақобат карданд. Ин масир, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ба чорабинӣ ҳусни вижа бахшида, фазои идона ва пурэнержӣ ба вуҷуд овард.

Тибқи иттилои масъулин, дар Дави миллӣ беш аз 25 ҳазор нафар ва дар марафони велосипедронӣ наздик ба 1000 нафар иштирок намуданд. Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояити Суғд

error: