Душанбе, 08 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Хуттали қадим дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ — омӯзиши решаҳои тамаддунии минтақа ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ бахшида шуд.

Дар доираи конфронс маҷмуаи илмии «Хуттали Қадим дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик» низ рӯнамоӣ гардид, ки онро муҳаққиқон ҳамчун қадами муҳим дар рушди методологияи таҳқиқоти таърихӣ арзёбӣ мекунанд.
Кори конфронсро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Хуттали қадим ҳамчун бахши муҳими мероси фарҳангиву маънавии халқи тоҷик дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии минтақа нақши назаррас дорад.
Ба гуфтаи ӯ, омӯзиши амиқи мероси таърихии ин минтақа имконият медиҳад, ки саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ба таври илмӣ ва муназзам муаррифӣ гардад. Дар ин замина, масъалаи ҳифз ва таҳқиқи мероси бостонӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангии давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ зикр шуд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих ва бостоншиносӣ ба сатҳи нав баромада, барои омӯзиши амиқи тамаддуни тоҷикон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Мавзӯи асосии маҷмуа ба таҳлили Хуттал ҳамчун раванди муттасили таърихию тамаддунӣ дар доираи мафҳуми «континуитет» бахшида шудааст. Ин равиш имкон медиҳад, ки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва антропологӣ дар як системаи ягонаи илмӣ баррасӣ шаванд.

Маҷмуа аз муқаддима ва ҳафт фасли асосӣ иборат буда, масъалаҳои бостоншиносӣ, давлатдорӣ, забон, катибашиносӣ, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, анъанаҳои мусиқӣ, топонимия, сиккашиносӣ ва муомилоти пулӣ дар он фаро гирифта шудаанд. Мураттиб ва муҳаррири масъули он номзади илмҳои таърих Шарифзода Абдувалӣ мебошад.
Дар маҷмуа ҳамчунин олимони як қатор муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар ва муҳаққиқони хориҷӣ иштирок намудаанд, ки ба арзиши илмии он аҳамияти иловагӣ медиҳад.
Дар ҷараёни конфронс олимон, аз ҷумла академик Раҳмонзода Абдуҷаббор, оид ба ҷойгоҳи Хуттал дар таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ ва нақши он дар таҳкими ҳувияти миллӣ андешаҳои худро иброз доштанд. Таъкид шуд, ки омӯзиши ин мерос барои эҳёи хотираи таърихӣ ва рушди худшиносии миллӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences
