Душанбе, 25 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми умумии қарзи давлатии кишвар ба ҳолати 1 июли соли 2026 ба 3,4 миллиард доллари ИМА баробар гардида, ин нишондиҳанда 16 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад.

Дар сохтори қарзи давлатӣ ҳиссаи асосиро қарзи хориҷӣ ташкил медиҳад, ки ҳаҷми он 2,9 миллиард доллар ё 85,5 фоизи ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ мебошад. Ҳаҷми қарзи дохилӣ бошад, тақрибан 490,4 миллион доллар ё 14,5 фоиз-ро ташкил медиҳад.
Дар муқоиса бо аввали соли 2026 ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ тақрибан ба андозаи 100 миллион доллар коҳиш ёфта, таносуби он нисбат ба ММД аз 19,7 фоиз то 16 фоиз паст шудааст. Дар ин давра ҳаҷми қарзи хориҷӣ низ аз 3 миллиард доллар то 2,9 миллиард доллар коҳиш ёфта, ба 13,7 фоизи ММД баробар гардид.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ барои хизматрасонии уҳдадориҳои хориҷӣ 270,3 миллион доллар равона карда шудааст. Аз ин маблағ 230,1 миллион доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва 40,2 миллион доллар барои пардохти фоизҳо истифода шудааст.
Вазорати молия таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ҳамаи уҳдадориҳои қарзии худро дар назди шарикони байналмилалӣ пурра ва сари вақт иҷро намуда, ягон қарзи муҳлатгузашта надорад.
Бузургтарин қарздиҳандаи хориҷии Тоҷикистон ҳамоно Бонки содироту воридоти Чин (Эксимбонк) боқӣ мемонад. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҳаҷми қарздорӣ дар назди ин ниҳод ба андозаи 50 миллион доллар ё тақрибан 7 фоиз коҳиш ёфта, аз 738 миллион доллар то 690 миллион доллар расидааст. Ин нишондиҳанда 23,8 фоизи ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар-ро ташкил медиҳад.
Ба қатори дигар қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ бо беш аз 390 миллион доллар, Бонки исломии рушд бо зиёда аз 270 миллион доллар, Бонки осиёии рушд бо тақрибан 230 миллион доллар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо қариб 228 миллион доллар дохил мешаванд.

Барои гурӯҳи коршиносони АИ «Корвон Иттилоот»маълум аст, ки коҳиш ёфтани таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД то 16 фоиз аз таҳкими устувории макроиқтисодии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Камшавии мунтазами ҳаҷми қарзҳои хориҷӣ, аз ҷумла коҳиши ҳиссаи қарзҳои Чин дар баробари иҷрои муназзами уҳдадориҳо дар назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки исломии рушд, хавфҳои асъорӣ ва вобаста ба бозсозии қарзҳоро коҳиш дода, эътимоди сармоягузорони байналмилалиро ба иқтисодиёти кишвар афзоиш медиҳад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
