Душанбе, 06 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». 4 июни соли ҷорӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ, ба ифтихори ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни суханронӣ сокинони ҷамоатро бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот табрик намуда, таъкид дошт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, сатҳу сифати зиндагии мардум пайваста беҳтар гардида истодааст.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи Парчами давлатӣ на танҳо аҳаммияти рамзӣ, балки аҳаммияти муҳими тарбиявӣ низ дорад. Ин рамзи давлатдорӣ дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон, тарбияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таърих ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим мебозад. Парчами давлатӣ рамзи соҳибихтиёрӣ, иттиҳод ва шарафи миллӣ буда, садоқат ба рамзҳои давлатӣ ҷузъи муҳими масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Ватан маҳсуб мешавад.

Сокинони ҷамоат аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи давлатии Ноҳияи Шуғнон
