Илм — заминаи гузариш ба энергетикаи «сабз»: дар Душанбе дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ шуд - ИА Караван Инфо
Илм — заминаи гузариш ба энергетикаи «сабз»: дар Душанбе дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ шуд

Душанбе, 03 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароити гузариши ҷаҳонӣ ба иқтисоди «сабз» ва афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим, Тоҷикистон ба рушди илм ва технологияҳои нав ҳамчун заминаи асосии пешрафти энергетикаи барқароршаванда такя мекунад.

Маҳз ба ҳамин мавзӯъ Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда», ки 2 июл бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бахшида шуд.

Дар кори ҳамоиш олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва шарикони рушд иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди технологияҳои муосири энергетикӣ ва татбиқи дастовардҳои илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Конфронсро узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Умар Мадвалиев ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар шароити афзоиши талабот ба захираҳои энергетикӣ ва тағйирёбии иқлим рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори кишвар табдил ёфтааст.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар баробари доро будан ба захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, инчунин имкониятҳои васеи истифодаи энергияи офтоб ва бодро соҳиб буда, метавонад мавқеи худро ҳамчун яке аз кишварҳои пешсафи истеҳсоли «энергияи сабз» боз ҳам таҳким бахшад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Тоҷикистон аллакай ҳамчун яке аз кишварҳои истеҳсолкунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа эътироф гардида, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода нақши илмро дар рушди энергетикаи миллӣ махсус таъкид намуда, зикр кард, ки муассисаҳои илмии Академия дар солҳои истиқлолият дар самтҳои гидроэнергетика, энергетикаи офтобӣ ва бодӣ, технологияҳои нигоҳдории энергия, рақамикунонии низоми энергетикӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ таҳқиқоти муҳим анҷом додаанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба натиҷаҳои таҳқиқоти олимони тоҷик оид ба рушди неругоҳҳои офтобии бомӣ (Rooftop Solar PV) зоҳир гардид. Бори аввал дар ҷумҳурӣ арзёбии ҳамаҷонибаи иқтидори техникӣ ва иқтисодии истифодаи бомҳои биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ барои истеҳсоли неруи барқи офтобӣ анҷом дода шуда, натиҷаҳои он метавонанд барои таҳияи барномаҳои давлатии рушди энергетикаи офтобӣ истифода шаванд.

Дар идомаи конфронс муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф таъкид намуданд, ки рушди энергетикаи барқароршаванда имрӯз ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст ва муттаҳид сохтани иқтидори илмӣ, технологияҳои пешрафта ва сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Иштирокчиён инчунин натиҷаҳои таҳқиқотро дар самтҳои рақамикунонии низоми энергетикӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии шабакаҳои барқ, рушди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, системаҳои гибридии таъмини неруи барқ ва мутобиқсозии инфрасохтори энергетикӣ ба тағйирёбии иқлим пешниҳод намуданд.

Ба андешаи коршиносон, Тоҷикистон имрӯз модели нави рушди энергетикиро ташаккул медиҳад, ки дар он имкониятҳои анъанавии гидроэнергетика бо навовариҳои илмӣ, технологияҳои рақамӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия муттаҳид мешаванд. Ин раванд метавонад на танҳо амнияти энергетикии кишварро таҳким бахшад, балки мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз пешсафони минтақавӣ дар рушди энергетикаи «сабз» ва иқтисоди устувор боз ҳам тақвият диҳад.

Акс: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон