Импулси энергетикӣ ва саноатӣ: дар Исфара кони ангишти №8 ба истифода дода шуд – ИА Караван Инфо
Импулси энергетикӣ ва саноатӣ: дар Исфара кони ангишти №8 ба истифода дода шуд

Душанбе, 01 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». 31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори энергетикӣ ва саноатии кишвар арзёбӣ мегардад.

Лоиҳаи барқарорсозии кони ангишт дар шаҳраки Шӯроб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардида, дар доираи он хатҳои истеҳсолӣ ва инфрасохтори соҳавӣ навсозӣ ва муосир гардонида шуданд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар доираи лоиҳа ҳаҷми истихроҷи ангишт марҳила ба марҳила зиёд карда мешавад: соли 2026 — то 200 ҳазор тонна, соли 2027 — то 700 ҳазор тонна, то соли 2028 — зиёда аз 1 миллион тонна дар як сол. 

Айни замон дар корхона зиёда аз 700 нафар фаъолият дошта, дар оянда шумораи ҷойҳои корӣ ба 1500 мерасад. Қисми зиёди кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, ки аҳамияти иҷтимоии лоиҳаро тақвият мебахшад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа инфрасохтори мукаммали истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардидааст. Аз ҷумла, зарфҳои оби нӯшокӣ, низоми обтаъминкунӣ, зеристгоҳи барқӣ, инчунин биноҳои хизматрасонӣ ва маишӣ сохта шудаанд.

Барои фароҳам овардани шароити мусоид барои кормандон бинои истиқоматӣ барои 700 нафар, бинои маъмурӣ бо утоқҳои кории муҷаҳҳаз, толори маҷлис ва майдончаи варзишӣ сохта шудааст. Атрофи корхона низ обод ва сабзкорӣ карда шудааст.

Фаъолияти кони ангишти №8 ба таъмини бозори дохилӣ бо ангишти ватанӣ ва рушди соҳаи кӯҳкорӣ равона гардидааст. Ба истифода додани иншоот дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръат: ба афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ва таҳкими амнияти энергетикӣ мусоидат мекунад. 

Дар анҷом Пешвои миллат ба масъулин супориш доданд, ки фаъолияти корхонаро боз ҳам тақвият бахшида, дар рушди соҳа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми назаррас гузоранд.

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: