Иштирок дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ – ИА Караван Инфо
Иштирок дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ

Душанбе, 31 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи хуҷастапай иштирок ва суханронӣ намуданд. Ин ҷашни Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии ноҳия бо ҳузури шумораи зиёди сокинон ва меҳмонон баргузор гардид.

Дар оғози суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сокинони ноҳия ва тамоми мардуми кишварро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ — ҷашни Наврӯз самимона табрик намуда, ба ҳар як хонадони тоҷик хушбахтӣ, баракат орзу карда, ба Тоҷикистони азиз сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно намуданд.

Таъкид гардид, ки барои мардуми тоҷик Наврӯз на танҳо ҷашни фарорасии баҳор, балки оинаи таърихи куҳан, таҷассумгари ҳувияти миллӣ ва рамзи пайванди наслҳо мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки халқи куҳанбунёди мо дар тӯли таърихи дарозмуддати худ борҳо бо мушкилоти сарнавиштсоз рӯ ба рӯ шудааст, аммо ҳар дафъа бо хираду заковат, анъанаҳои ҳаётбахш ва арзишҳои волои худ, аз ҷумла Наврӯз, аз ин мушкилот сарбаландона раҳоӣ ёфтааст.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки маҳз ба шарофати ҳамин арзишҳои созанда мо дар давраи соҳибистиқлолӣ ин ҷашни бостониро эҳё намуда, имрӯз онро дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем.

Зикр гардид, ки имсол мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ, Наврӯзро дар марҳилаи муҳими корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбуб таҷлил менамоянд.

Сарвари давлат қайд карданд, ки дар натиҷаи дастгирии Ҳукумати кишвар, татбиқи пайвастаи ислоҳоти иқтисодӣ ва меҳнати софдилонаи мардум, дар солҳои истиқлолият ноҳияи Мастчоҳ хеле ободу зебо гардида, шароити зиндагии аҳолӣ ба маротиб беҳтар шудааст.

Зикр шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 38 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуда, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст.

Ин дастовардҳоро Пешвои миллат ҳамчун туҳфаи арзишманди соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Президенти кишвар таъкид карданд, ки Наврӯз ҷашни пайванди инсон бо замин, оғози корҳои кишоварзӣ ва талош барои баракату фаровонӣ мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як рӯзи мусоиди баҳор самаранок истифода бурда шавад, то бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин гардида, амнияти озуқавории кишвар ҳифз карда шавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмон ва азнавсозии 735 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз ҳамаи онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки ин нишонаи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии сокинони ноҳия мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи сокинони шарафманди ноҳияи Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар рушду ободии ин гӯшаи диёр изҳори сипос намуданд.

Дар анҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо итминон иброз доштанд, ки соҳибкорон ва сокинони фаъоли ноҳия то охири сол даҳҳо иншооти дигар бунёд намуда, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис медиҳанд ва дар ободонии ноҳия саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

Пас аз суханронии табрикии Пешвои миллат барномаи фарҳангии идона оғоз гардида, ҳунармандон бо пешниҳоди барномаи рангину ҷолиб ба фазои ҷашн шукӯҳи тоза бахшиданд.

АКС: хизмати матбуоти Прези-денти республика

error: