Душанбе, 25 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 24 июли соли 2026 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон нишасти навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа ҳайати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Зимни нишаст роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории бисёрҷанбаро дар чорчӯби СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.
Вазирон ҳамчунин маҷмӯи лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои баррасӣ ва тасдиқ ба нишасти Шурои сарони давлатҳои узви СҲШ пешниҳод мешаванд, муҳокима намуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи кишварро оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Созмон ва дурнамои таҳкими минбаъдаи он баён намуд. Дар суханронии худ ӯ инчунин ба зарурати тақвияти ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосир ба амният ва таъмини суботу рушди устувор дар фазои СҲШ таъкид кард.
Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ-ро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот мавзуъҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмон ва омодагӣ ба нишасти навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ матраҳ гардиданд.
