Иштироки зиёда аз 30 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Бохтар   – ИА Караван Инфо
Иштироки зиёда аз 30 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Бохтар  

Душанбе, 18 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 17 май дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки беш аз 30 ҳазор нафар баргузор гардид. Чорабинии оммавии варзишӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир шуда, яке аз бузургтарин ҳамоишҳои варзишии минтақа арзёбӣ мегардад.

Ҳадафи асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги ҷисмонӣ ва ҷалби аҳолӣ ба машқу тамрини мунтазами варзишӣ мебошад. Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо ба таҳкими саломатии ҷомеа мусоидат мекунанд, балки дар ташаккули рӯҳияи фаъол, интизом ва ҳамбастагии иҷтимоӣ низ нақши муҳим доранд.

Дар чорабинии варзишӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, варзишгарон, ҷавонон ва ҳазорон нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ раиси вилоят таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ барои таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи насли солиму фаъол ва рушди соҳаи варзиш аҳамияти муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, маҳз тавассути рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим метавон ҷомеаи устувор ва созандаро бунёд кард.

Зикр гардид, ки дар кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.

Тибқи маълумот, дар Дави миллӣ зиёда аз 30 ҳазор нафар ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 1200 нафар иштирок намуданд. Иштирокчиён масири муайяншударо бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси ватандӯстӣ тай намуда, фазои идона ва ҳамбастагии оммавиро ба вуҷуд оварданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, ҳар якшанбеи сеюми моҳи май, дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад.

АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон

error: