Душанбе, 01 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон 31 июл баргузор гардид, иштирок намуда, суханронӣ карданд.

Дар оғози суханронии худ Сарвари давлат ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баланди ҳамоиш изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин формат ба яке аз механизмҳои муҳими ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои минтақавӣ табдил ёфтааст.
Президенти Тоҷикистон ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки дар шароити тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши таҳдидҳои геополитикӣ ҳамоҳангсозии амалҳои кишварҳои минтақа аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Ҳамчунин Пешвои миллат афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Осиёи Марказӣ ҳамчун имконияти мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои мустақим, технологияҳои пешрафта ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ арзёбӣ намуданд.
Яке аз ташаббусҳои муҳими иқтисодии пешниҳодшуда сохтмони корхонаҳои бузурги коркарди нафт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, рушди иқтидорҳои дохилии коркарди ашёи хом метавонад амнияти энергетикии минтақаро таҳким бахшида, рақобатпазирии иқтисоди кишварҳоро афзоиш диҳад.
Сарвари давлат ҳамчунин рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, ҳамкориҳои энергетикӣ, саноат, рақамикунонӣ ва амнияти озуқавориро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда номиданд.
Дар бахши гуманитарии суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки густариши робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ барои таҳкими дӯстӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои минтақа аҳамияти калон дорад.
Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии кишварро барои татбиқи пайгиронаи ҳамаи қарорҳои муштарак ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бори дигар таъкид намуданд.

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Чолпон-Ато нақши фаъоли Тоҷикистонро дар ташаккули низоми нави ҳамкориҳои минтақавӣ боз ҳам равшантар намуд. Имрӯз масъалаҳои амният, рушди иқтисодӣ, ҳамгироии инфрасохторӣ ва энергетикӣ ҳамчун унсурҳои ягонаи рушди устувори минтақа арзёбӣ мешаванд.
Пешниҳоди таъсиси иқтидорҳои бузурги коркарди нафт дар дохили минтақа аз талоши кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баланд бардоштани сатҳи коркарди ашёи хом, таҳкими амнияти энергетикӣ ва ташкили занҷираҳои нави арзиши иловашуда шаҳодат медиҳад. Дар якҷоягӣ бо рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, рақамикунонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ чунин ташаббусҳо метавонанд рақобатпазирии иқтисоди минтақа ва мавқеи онро дар фазои иқтисодии АвруОсиё ба таври назаррас таҳким бахшанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
