Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ИА Караван Инфо
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 02 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна нигаронии амиқи худро баён менамояд.

Тоҷикистон бар он аст, ки ҳамаи ихтилофу баҳсҳо бояд тариқи музокирот дар чаҳорчуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳаллу фасл гарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бар зарурати гирифтани иқдомҳои муассир ва таъхирнопазир ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи фоҷеабор дар минтақа таъкид мекунад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: