Душанбе, 18 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзу эҳёи арзишҳои миллӣ чорабинии навбатӣ бо усули «Хона ба хона» ва «Маҳалла ба маҳалла» баргузор гардид.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино масъулин аз манзили истиқоматӣ ва замини наздиҳавлигии яке аз сокинони маҳаллаи «Лучоби боло» боздид намуда, бо вазъи зиндагии аҳолӣ, тарзи истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсол ва захираи маҳсулоти ғизоӣ барои фасли зимистон аз наздик шинос шуданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Сино Ситора Сафарализода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмашарифзода, инчунин фаъолзанон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт иштирок намуданд.

Зимни мулоқот бо сокинон масъулин истифодаи оқилонаи замин, парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили захираи кофии озуқаворӣ ва беҳтар намудани шароити иқтисодии оилаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз фаъолияти намунавии аҳолӣ дар самти таъмини амнияти озуқавории хонаводагӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар доираи чорабинӣ сокинони маҳалла намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги миллиро ба намоиш гузоштанд. Иштирокчиён бо раванди омода намудани хӯрокҳои анъанавии тоҷикӣ, ҳунарҳои қадимаи чакандӯзӣ, зардӯзӣ, дӯхти либосҳои миллӣ, инчунин дигар намунаҳои ҳунарҳои дастӣ ва суннатҳои мардумӣ аз наздик шинос гардиданд.

Тавре таъкид гардид, ҳунарҳои мардумӣ на танҳо мероси гаронбаҳои фарҳангии миллат, балки воситаи муҳими ҳифзи худшиносӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ иброз доштанд, ки ташаббусҳои «Хона ба хона» ва «Маҳалла ба маҳалла» минбаъд низ идома ёфта, ба баланд бардоштани маърифати иҷтимоӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳёи суннатҳои неки ниёгон ва таҳкими амнияти озуқавории аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
