Экспедитсияи муштараки илмӣ: Тоҷикистон ва Чин ба омӯзиши гуногунии биологӣ қадамҳои нав мегузоранд – ИА Караван Инфо
Экспедитсияи муштараки илмӣ: Тоҷикистон ва Чин ба омӯзиши гуногунии биологӣ қадамҳои нав мегузоранд

Душанбе, 19 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 28 апрел то 16 майи соли ҷорӣ дар минтақаҳои ҷанубӣ ва шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон экспедитсияи муштараки илмӣ бо иштироки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ин иқдом дар доираи густариши ҳамкориҳои илмии ду кишвар ва рушди таҳқиқоти муштараки биологӣ сурат гирифт.

Дар экспедитсия кормандони Институти биологияи Чендуи Академияи илмҳои Чин ва Институти зоология ва паразитологияи АМИТ иштирок намуда, корҳои саҳроӣ ва таҳқиқотии муштарак анҷом доданд.

Дар ҷараёни корҳои илмӣ ходими калони илмии Институти зоология ва паразитология Ғарибмаҳмадов Ғарибмаҳмад, ходими илмӣ Набиев Лоиқ, инчунин як гурӯҳи олимони чинӣ иштирок карданд.

Таҳқиқот ба омӯзиши гуногунии биологӣ, муайянсозӣ ва таҳлили намудҳои нодири олами ҳайвонот, инчунин ҷамъоварии маводи илмии саҳроӣ равона гардида буд. Олимон дар минтақаҳои гуногуни кишвар мушоҳидаҳои муштарак анҷом дода, намунаҳои илмӣ ҷамъоварӣ намуданд.

Ба таъкиди иштирокчиён, натиҷаҳои экспедитсия барои рушди минбаъдаи илмҳои биология, зоология ва самтҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист аҳамияти назаррас доранд. Ин гуна таҳқиқот на танҳо ба ғанӣ гардидани базаи илмӣ мусоидат мекунад, балки барои муайянсозии вазъи экосистемаҳои Тоҷикистон низ муҳим мебошад.

Ҳамзамон, чунин ҳамкориҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои илмии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин такони нав медиҳанд ва заминаи густариши лоиҳаҳои муштараки ояндаро фароҳам месозанд.

Дар шароити муосир, ки масъалаҳои экологӣ ва тағйирёбии муҳити зист аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, таҳқиқоти муштарак миёни кишварҳо ба яке аз самтҳои муҳимтарини илм табдил ёфтааст. Экспедитсияи мазкур низ дар ҳамин замина ҳамчун намунаи ҳамкории самараноки илмӣ арзёбӣ мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ)

error: