Душанбе, 24 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе масъалаҳои густариши ҳамкории саноатӣ ва технологӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардиданд. Вохӯрии муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назаров бо ҳайати шаҳри Чунцин ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноати муосир ва технологияҳои рақамӣ бахшида шуд.

Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ҷонибҳо дурнамои таъсиси паркҳои саноатӣ, маҳалликкунонии марҳилабаамҳилаи истеҳсоли электромобилҳо ва мототехника, инчунин ташкили низоми омода намудани кадрҳои баландихтисос барои самтҳои нави истеҳсолиро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи татбиқи амалии созишномаҳои дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Чунцин моҳи майи соли 2026 бадастомада таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо зарурати истифодаи самараноки иқтидори саноатӣ ва сармоягузории ду минтақа барои суръат бахшидан ба татбиқи ташаббусҳои муштаракро таъкид намуданд. Зикр гардид, ки рушди истеҳсоли нақлиёти барқӣ ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон оид ба навсозии бахши саноат, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда мутобиқат мекунад.
Дар натиҷаи музокирот ба ҷониби Чин бастаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ пешниҳод гардид, ки оғози лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва таълимиро пешбинӣ менамояд.
Иштирокчиёни мулоқот омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар самтҳои афзалиятноки рушди саноатӣ тасдиқ карданд.

Оғози баррасии масъалаи маҳалликкунонии истеҳсоли электромобилҳо ва мототехника марҳилаи нави ҳамкории саноатии Тоҷикистон ва Чинро инъикос мекунад. Гузариш аз воридоти техникаи тайёр ба таъсиси иқтидорҳои истеҳсолии дохилӣ ба кишвар имкон медиҳад, ки малакаҳои технологиро рушд диҳад, ҷойҳои нави корӣ таъсис намояд ва заминаи муосири саноатиро ташаккул диҳад.
Аҳамияти махсус ба омода намудани кадрҳо дода мешавад, зеро рушди соҳаҳои энергетикаи «сабз» ва нақлиёти барқӣ ба мутахассисони соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои рақамӣ ва истеҳсолоти автоматикунонидашуда ниёз дорад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо метавонад ба яке аз омилҳои муҳими индустрикунонии минбаъдаи кишвар ва баланд бардоштани нақши Тоҷикистон дар занҷираҳои истеҳсолии минтақавӣ табдил ёбад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
