Душанбе, 11 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи Ғалабаи пойтахт ташриф оварда, дар маросими гулчанбаргузорӣ назди Оташи ҷовидон бахшида ба 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 иштирок намуданд.

Сарвари давлат ба хотири афсарону сарбозоне, ки солҳои 1941–1945 ҷони худро дар роҳи ҳифзи Ватан нисор кардаанд, назди муҷассамаи ёдгорӣ гулчанбар гузошт.
Дар маросим ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм саҳми назаррас гузоштааст. Ба гуфтаи Сарвари давлат, аз кишваре, ки он замон аҳолиаш тақрибан якуним миллион нафарро ташкил медод, беш аз 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа сафарбар гардида буданд.

Беш аз 100 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуда, тақрибан 40 ҳазор нафари дигар бедарак гардидаанд. Барои ҷасорату қаҳрамонӣ 58 ҳазор афсару сарбоз бо ордену медал сарфароз гардонида шуда, 55 нафар соҳиби унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.
Президенти кишвар инчунин саҳми ақибгоҳро махсус таъкид карданд. Занону кӯдакон ва пиронсолон дар шароити вазнин барои таъмини ҷабҳа бо озуқаворӣ, сару либос ва дигар воситаҳои зарурӣ шабонарӯзӣ меҳнат мекарданд. Дар солҳои ҷанг Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор эвакуатсияшударо қабул намуда, барои онҳо ба хонаи дуюм табдил ёфта буд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон изҳор доштанд, ки имрӯз ҷаҳон боз бо таҳдидҳои ҷиддӣ — низоъҳои мусаллаҳона, мусобиқаи яроқ, терроризм ва шиддат гирифтани вазъи байналмилалӣ рӯ ба рӯ гардидааст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳама гуна баҳсу низоъҳо танҳо бо роҳҳои сулҳомез мебошад.
Дар анҷом Президент шаҳрвандонро ба ҳифзи сулҳ, субот, ваҳдати миллӣ ва давлатдорӣ даъват намуда, муҳофизати Ватан ва таъмини оромиро вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд арзёбӣ карданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
