Душанбе, 17 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 ноябр дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд боздид ба амал овард. Ин марказ яке аз бузургтарин маҷмааҳои фарҳангию илмии минтақа мебошад, ки бо ҳадафи ҳифз ва муаррифии мероси ғании ҷаҳони ислом таъсис ёфтааст.

Марказ дар услуби меъмории асримиёнагии Самарқанд–Ҳирот бунёд шудааст. Масоҳати маҷмаа зиёда аз 10 гектар буда, дар чаҳор ҷониб дарвозаҳои 34-метра ва дар марказ гумбази 65-метра қомат афрохтаанд.
Зикр гардид, ки марказ аз шуъбаҳои таҳқиқотӣ, феҳристи миллии дастнависҳои нодир, китобхона, бойгонӣ, бахшҳои байналмилалию сайёҳӣ ва галереяи намоишӣ иборат аст.
Китобхонаи марказ дорои тақрибан 100 ҳазор дастнавис буда, яке аз ганҷинаҳои нодири илмиву фарҳангии минтақа ба шумор меравад.

Ба меҳмонон маълумот дар бораи саҳми бузурги уламои Мовароуннаҳр — Имоми Бухорӣ, Имоми Тирмизӣ, Ҳакими Тирмизӣ, Баҳовуддини Нақшбанд, Хоҷа Ахрори Валӣ пешниҳод карда шуд.
Дар ҷараёни боздид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҳвили ҷоизаи байналмилалии «Мероси оянда» иштирок намуд.
Ин ҷоиза аз соли 2025 дар самтҳои адабиёт, мероси фарҳангӣ, театр, кино, мусиқӣ ва раққосӣ, санъати тасвирӣ, мӯду дизайн, илм, маориф ва технологияҳои рақамӣ баргузор мегардад.
Барандагон дар ҳар номинатсия бо муҷассама, диплом ва мукофоти маблағӣ қадрдонӣ мешаванд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар — муовини вазири фарҳанг, Шоири халқии Тоҷикистон, дар номинатсияи «Мероси фарҳангӣ» барандаи ҷоиза гардид. Ин муваффақият саҳми арзандаи Тоҷикистонро дар ҳифз ва ғанисозии арзишҳои фарҳанги минтақавӣ боз ҳам равшантар намуд.
Боздиди Пешвои миллат аз марказ ва иштироки ӯ дар маросими ҷоиза аҳамияти дипломатияи фарҳангӣ ва нақши Тоҷикистонро дар ҳифзи арзишҳои маънавию илмии ҷаҳони ислом таъкид намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
