Душанбе, 23 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ низоми гибридии офтобиро, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии марзи Тоҷикистону Афғонистон насб шудаанд, расман ба истифода супорид.

Ҳадафи лоиҳа таҳкими устувории инфрасохтори сарҳадӣ ва таъмини дастрасии бефосила ба неруи барқ дар иншооти муҳими давлатӣ мебошад.
Низомҳои мазкур дар доираи лоиҳаи БРСММ «Мусоидат ба идоракунии самараноки сарҳад тавассути татбиқи консепсияи бехатарии инсон дар ҷомеаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) маблағгузорӣ мешавад, пешниҳод гардиданд.
Пеш аз мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизот корҳои насб, танзим ва санҷиши техникӣ анҷом дода шуда, кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ оид ба истифода ва хизматрасонии техникии низомҳои нав омӯзонида шуданд.
Айни замон ҳамаи панҷ низоми гибридии офтобӣ пурра ба истифода дода шуда, аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти устувори гузаргоҳҳои сарҳадӣ истифода мешаванд. Ин таҷҳизот ҳатто ҳангоми қатъ гардидани интиқоли неруи барқ фаъолияти бефосилаи воситаҳои алоқа, назорат ва дигар таҷҳизоти муҳими техникиро таъмин намуда, инчунин шароити хизмат ва зисти ҳайати шахсиро беҳтар месозад.

Дар маросими супоридани таҷҳизот муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ — Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Муродалӣ Раҷабзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурута, намояндаи асосии JICA дар Тоҷикистон Ёсимаса Такемура, муовини Намояндаи доимии БРСММ ва иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи доимӣ Лазима Онта-Бхатта, инчунин намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Сафорати Ҷопон, JICA ва БРСММ иштирок намуданд.
Ҷорӣ намудани низомҳои мустақили гибридии энергетикӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ нишон медиҳад, ки масъалаҳои таъмини амнияти сарҳад имрӯз бо устувории энергетикӣ ва истифодаи технологияҳои муосир зич алоқаманд мебошанд.
Манбаъҳои барқароршавандаи энергия вобастагии иншооти дурдастро аз шабакаҳои беруна коҳиш дода, эътимоднокии фаъолияти инфрасохтори сарҳадиро афзоиш медиҳанд. Ҳамзамон, татбиқи чунин лоиҳаҳо сатҳи ҳамкории байналмилалии Тоҷикистонро бо Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷопон дар самтҳои рушди устувор, амнияти сарҳад ва рушди минтақаҳои наздисарҳадӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
АКС: Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон
