Душанбе, 15 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Кӯлоб 13 июн таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи кории ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баргузор шуда, натиҷаҳои фаъолияти шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб дар панҷ моҳи соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, роҳ надодан ба истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, инчунин таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда, комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат таъсис дода шудааст.
Дар ҷаласаи навбатӣ натиҷаҳои фаъолияти филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб дар моҳҳои январ–майи соли 2026 ва иҷрои супоришҳои қаблан додашуда вобаста ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ гардид.
Бо гузоришҳо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода, директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода ва директори генералии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Маноҷ Салви баромад намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа вазъи зеристгоҳҳои барқӣ, сабабҳои талафоти неруи барқ, сатҳи ҷамъоварии маблағҳо, қарздорӣ ва ҳолатҳои истифодаи зиёдатии неруи барқро таҳлил карданд.

Тибқи маълумоти масъулон, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ талафоти неруи барқ дар минтақаи Кӯлоб 19,83 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 10,71 банди фоизӣ кам гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Темурмалик, Восеъ, Данғара ва Балҷувон сатҳи талафот ҳамоно аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд боқӣ мемонад.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаи коҳиш додани талафоти неруи барқ, ки бо дастгирии молиявии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ мешавад, зоҳир гардид. Аз моҳи январи соли 2024 то имрӯз дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 50,5 ҳазор ҳисобкунаки муосири барқ бо таҷҳизоти дахлдор насб ва ба низоми биллингӣ пайваст карда шудаанд.
Натиҷаҳои татбиқи лоиҳа нишон медиҳанд, ки дар панҷ моҳи соли 2026 сатҳи талафоти неруи барқ дар минтақаҳои фарогири лоиҳа то 9,35 фоиз коҳиш ёфтааст. Барои муқоиса, дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 23,67 фоизро ташкил медод. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ талафот ба 7,45 фоиз баробар шуда, нисбат ба моҳи майи соли 2025 ба андозаи 11,05 банди фоизӣ кам гардидааст.
Ҳамзамон ҷамъоварии маблағи неруи барқ низ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми пардохтҳо 56,4 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 23,4 миллион сомонӣ ё 71 фоиз зиёд мебошад.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки нисбат ба роҳбарон ва кормандони масъули шабакаҳои барқ, ки иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаашонро таъмин намекунанд, чораҳои дахлдор андешида хоҳанд шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
