Душанбе, 25 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Кӯмаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рушон ба маҳалли ҳодиса расонида шуд.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, аз рӯзҳои аввали рух додани офати табиӣ дар деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушон вазъият таҳти назорати доимии Роҳбарияти Олии мамлакат қарор дошт. Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба ноҳия масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нав, инчунин маводи ғизоӣ ва дигар кумакҳои зарурӣ ирсол гардиданд.
Сокинони аз офати табиӣ зарардида барои дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин таваҷҷуҳи давлат дар лаҳзаҳои душвор барои онҳо аҳамияти бузурги маънавӣ ва иҷтимоӣ дорад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон зимни мулоқот бо сокинон иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат тамоми тадбирҳои заруриро барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ амалӣ менамояд. Ба гуфтаи ӯ, барои 10 оилае, ки манзилҳои онҳо пурра хароб гардидаанд, бо дастгирии давлат сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ оғоз шудааст.
Ҳамзамон, раиси вилоят аз ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ боздид намуда, ба масъулин ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои барқарорсозӣ ва расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Барои гурӯҳи таҳлилии АИ «Корвон Иттилоот» равшан аст, ки вокуниши фаврии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рушон аз самаранокии низоми идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва афзалият доштани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шаҳодат медиҳад. Таъмини фаврии оилаҳои зарардида бо кӯмакҳои башардӯстона ва оғози сохтмони манзилҳои нав имкон медиҳад, ки оқибатҳои офат ҳарчи зудтар бартараф гардида, шароити муътадили зиндагии сокинони минтақа барқарор карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
