Душанбе, 03 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 24 феврал дар шаҳри Душанбе дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Масоили рушди сайёҳии куҳӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҳамоиш бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардида, намояндагони сохторҳои давлатӣ, олимону коршиносони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.
Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён тадбирҳои дастгирии давлатии соҳа ва рушди инфрасохтори сайёҳиро шарҳ дод.
Намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомон Абдуваҳҳобзода ба ҳамоҳангсозии сиёсати хизматрасонӣ бо талаботи бозори сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Профессор Тунсян Зоу аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» таҷрибаи Чинро дар рушди сайёҳии зимистона муаррифӣ кард.
Профессор Ирина Бушуева аз Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия ба рушди лижаронии куҳӣ таваҷҷуҳ намуд.
Имми Ҳусейнова аз Донишгоҳи АвроОсиё дурнамои рушди сайёҳии куҳиро дар Озарбойҷон шарҳ дод.
Ҳамчунин, олимон аз Россия ва Чин масъалаҳои таъсиси минтақаҳои «сабз», татбиқи меъёрҳои экологӣ ва баланд бардоштани рақобатпазириро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷамъбаст таъкид гардид, ки такмили заминаи ҳуқуқӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ташкили кластерҳои сайёҳӣ ва татбиқи технологияҳои муосир метавонанд мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ таҳким бахшанд.
Конфронс ҳамчун платформаи муҳими илмӣ барои ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва муайянсозии самтҳои нави рушди сайёҳии куҳӣ ва экосайёҳӣ арзёбӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
