Дар Майдонхои One Water Summit дар Эр-Риёд мулокоти Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон баргузор шуд.
Президент Токаев сафари охири давлатиро ба Фаронса бо самимият ба ёд оварда, ба Макрон барои мехмоннавозии истисноии Хайати Казокистон ташаккур гуфт. Вай ахамияти созишномахои дар Париж бадастовардаро барои тахкими шарикии стратегии байни кишвархо кайд намуд.

“Ман аз натичахои музокирот ва созишномахои имзошуда хеле каноатмандам. Ин сафар як кадами мухим дар рохи рушди дарозмуддати иктисоди ва тахкими робитахои байни кишвархои мо буд”, – кайд намуд Токаев. Вай таъкид намуд, ки натичахои аввалини татбики созишномахои калиди дар сохахои гуногун аллакай намоенанд.
Президент Макрон пешрафтро дар муносибатхои дучониба кайд намуд ва ахамияти талошхои муштаракро дар мубориза бо тагиребии иклим ва рушди иктисоди “сабз” таъкид намуд.

Чонибхо дурнамои густариши хамкориро дар чунин сохахо, аз кабили самаранокии энергия, технологияи тоза, идоракунии захирахои об, инноватсия, мубодилаи маълумот ва зехни сунъи барраси намуданд
Дар чараёни мулокот хамчунин доир ба масъалахои мубрами рузномаи минтакави ва байналмилали табодули афкор сурат гирифт, ки таваччухи муштараки харду чонибро ба тахкими суботу хамкории чахони таъкид намуд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Акорда
