Казокистон хамкориро бо Созмони хамкории иктисоди таквият мебахшад - ИА Караван Инфо
Казокистон хамкориро бо Созмони хамкории иктисоди таквият мебахшад

Санаи 2 декабри соли 2024 дар Машхад Сардори Вазорати корхои хоричии Казокистон Мурат Нуртлеу бо дабири Кулли СЭС Асад Мачидхон мулокот намуд. Музокирот дар остонаи чаласаи 28-уми Шурои Вазирони корхои хоричии кишвархои узви Созмон баргузор шуд. Чонибхо масъалахои хамкории иктисоди, рушди инфрасохтори наклиёти ва технологияхои раками, инчунин афзалиятхои раёсати Казокистонро дар соли 2025 барраси намуданд.

Мурат Нуртлеу ахамияти тахкими робитахои тичоратию иктисоди, рушди логистика ва хамохангсозии талошхоро дар халли мушкилоти чахони, ба монанди тагйирёбии иклим ва амнияти энергетики таъкид намуд. Дабири кулли Казокистон сахми Казокистонро дар фаъолияти Созмон ва татбики ташаббусхои ба рушди минтака равонашуда баланд арзёби намуд.

Дар доираи вохури масъалахои хамкории фарханги ва таълими, устувории экологи ва хамкории гуманитари низ ба миён омаданд. Казокистон ният дорад, ки шарикии худро бо СЭС васеъ намуда, рузномаро бо лоихахои вокеи пур кунад.

Аксхо: ВКХ ЧК

error: